Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми қазияи гаравгонгирӣ дар ҳукумати вилояти Анбори Ироқ


Мақомоти амниятии Ироқ ба сохтмони ҳукумати вилояти Анбор ҳамла карда гурӯҳи афроди багаравафтодаро аз дасти мусаллаҳон озод карданд. Чанд нафар дар ин ҳодиса кушта шуданд, ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, ки онҳо дар натиҷаи ҳуҷуми амниятиҳо ва ё аз дасти мусаллаҳон кушта шуданд. Ҳамчунин ҳанӯз чизе роҷеъ ба шумори ҳамлагарон ва гаравгонҳо мушаххас нашудааст.
Амалиёти раҳоии гаравгонҳо дар шаҳри Ал-Бағдодӣ, ки дар миёнашон афсарони полис низ буданд, ду соат давом кард. Тибқи баъзе гузоришҳо, дар ҷараёни озодкунии гаравгонҳо амниятиҳо шаш то ҳафт мусаллаҳро куштанд. Қабл аз ин ду таркише рух дод, ки бовар меравад аз ҷониби шаҳодатталабон анҷом шудааст. Ҳанӯз тафсилоти дигари марбут ба ин ҳодиса дар даст нест.
XS
SM
MD
LG