Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пардаи озон дар фазои Арктика зудудааст


Донишмандон мегӯянд, пардаи озон дар фазои Артика имсол ба ҳадде зудуда шудааст, ки дар Антарктика дида мешавад. Пардаи озон, сипарест, ки курраи Заминро аз нурҳои зиёновари ултрабунафши Офтоб муҳофизат мекунад. Ба гуфтаи донишмандон, ин парда бар асари ҳавои сарди Қутби шимол дар баландии 20 километр 80 дар сад зудуда шудааст, ки метавонад, сабаби таҳти таъсири мизони бештари нурҳои ултрабунафш қарор гирифтани мардуми Аврупои шарқӣ, Русия ва Муғулистон шавад. Пажӯҳиши мазкур дар маҷаллаи мӯътабари илмии "Nature" чоп шудааст.
XS
SM
MD
LG