Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши содироти фулузоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон


Имсол содироти фулузоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон 2,6 маротиба афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилоъи вазорати иқтисод, Тоҷикистон тайи 8 моҳи аввали соли равон аз ҳисоби фурӯши фулузоти гаронбаҳо 43,3 миллион доллар ба даст овард, ки назар ба айни давраи соли қаблӣ 26,7 миллион доллар бештар аст. Як далели чунин пешрафт боло рафтани нархи чунин фулузот, бахусус тило дар бозори ҷаҳонист. Дар Тоҷикистон 8 корхонаи заршӯӣ фаъолият дорад ва ин кишвар мехоҳад то поёни сол 2,5 тило тавлид кунад, ки натиҷае бесобиқа аст.
XS
SM
MD
LG