Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибек имрӯз дар Филармония консерт медиҳад


Ҷонибеки Мурод
Ҷонибеки Мурод
Шоми 1 октябр дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон консернти овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик Ҷонибеки Мурод доир мешавад. Ибтидо қарор буд, ин консерт дар Кохи Борбад баргузор шавад, валемудири ширкати консертии JM Беҳрӯз Зеваров эълон кард, ки макони консерт ба далоили фаннӣ тағйир кардааст, чунки Кохи Борбад гӯё ҷавобгӯи меъёрҳои зидди сӯхтор набудааст.
Ҷонибеки Мурод фарзанди хурдии овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабеки Мурод буда, тақрибан 10 сол ба ин сӯ дар жанри поп ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ ду сол пеш Big Apple Music Award, яке аз ҷоизаҳои мӯътабари мусиқии форсизабонони дунёро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG