Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як воъизи тарғибгари Ал-Қоида дар Яман кушта шуд


Анвар ал- Авлакӣ, як рӯҳонии ифротгаро, ки Амрико онро бузургтарин хатари амнияти дохилиаш медонист, дар Яман кушта шудааст. Вазорати дифоъи Яман гуфт, ин воъизи зодаи Амрикоро, ки тарғибгари инглисизабони Ал-қоида дар нимҷазираи Арабистон буд, имрӯз бо чанд ҳамроҳаш куштанд. Хабаргузории “Ройтер” аз қавли як мақоми Амрико навиштааст, Авлакӣ дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Хадамоти истихборотии Амрико ба ҳалокат расидааст. Анвар ал-Авлакӣ аз воъизони собиқи масҷидҳои Амрико соли 2004 ба Яман рафт ва дар ҷалби ифротгароён ба ҳалқаи фаъоли Ал-қоида дар Яман нақши калидӣ доштааст.
XS
SM
MD
LG