Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белорус аз ҳузур дар нишасти муҳиме даст кашид


Ҳайъати давлати Ҷумҳурии Белорус аз ширкат дар нишасти муштараки сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва панҷ кишвари Аврупои шарқӣ даст кашидааст. Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон, мизбони нишаст, имрӯз гуфт, “ҳайъати Белорус дар нишасти Мушорикат бо кишварҳои Аврупои шарқӣ ҳузур надорад.” Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Белорус гуфт, аз он хотир дар нишасти мазкур ширкат намекунад, ки “мушорикат бо табъиз намешавад”. Дар баёнияи вазорат, ба ин нишаст даъват нашудани Александр Лукашенка, раиси ҷумҳури Белорусро “иқдомоти бесобиқаи табъизомез” алайҳи он кишвар хондаанд. Барномаи мушорикати Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Аврупои шарқӣ аз соли 2009 раҳандозӣ шудааст ва ҳадафи он аз роҳҳои сиёсиву иқтисодӣ тақвият додани равобит бо Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Молдова ва Украина аст.
XS
SM
MD
LG