Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: Дар куштори Раббонӣ покистониҳо даст доранд


Муфаттишони афғон, ки парвандаи куштори раисиҷумҳури собиқ Бурҳонуддин Раббониро таҳқиқ мекунанд, даст доштани покистониҳо ба ин ҳамларо собит карданд.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, шоми дирӯз дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар ин бора хабар дод ва гуфт, ки рӯзҳои наздик гурӯҳи вижаи тафтишотиро ба Покистон мефиристад. Ӯ афзуд, ки агар Исломобод аз ҳамкорӣ дар ошкорсозии омилони куштори Раббонӣ сарпечӣ кунад, омода аст то ба СММ муроҷиат намояд.

Ҳомид Карзай ҳамчунин гуфт, ки агар даст доштани “Толибон” дар куштори Бурҳонуддини Раббонӣ тайид шавад, музокирот бо ин ҷунбиш қатъ карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG