Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод ба иттиҳомҳои Вошингтон посух дод


Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон аз ИМА даъват кард, ки масъулияти ҳама бесуботиҳои минтақаро бар дӯши Исломобод нагузорад.

Зимни суханронӣ дар нишасти раҳбарони сиёсиву низомии кишвар, ӯ хост, ки Вошингтон фишор болои Покистонро қатъ кунад ва ба манфиатҳои миллии кишвар арҷ гузорад. Гелонӣ афзуд, "ман яқин дорам, ки раҳбарияти сиёсӣ ва мардуми Покистон барои аз нав дифоъ кардан аз марзҳои ҷуғрофӣ, озодӣ ва истиқлоли ватанамон омодаанд".

Раиси хадамоти кашфи Покистон Аҳмад Шуҷоъ Пошо изҳор намуд, ки амалиёти низомии Амрико алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар қаламрави Покистон ғайри қобили таҳаммул аст ва артиши Покистон барои ҷилавгирӣ аз ин амалиёт омодааст.

Мақомоти ИМА аз Исломобод пайваста даъват мекунанд, ки аз ҳамлаҳои шабакаи Ҳаққонӣ ба Афғонистон ҷилавгирӣ намояд. Ин шабака, аз ҷумла, дар ҳамла ба сафорати Амрико дар Кобул дар рӯзи 13 сентябр айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG