Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаплин: Нашри "Лолита" ва "Сад соли танҳоӣ" қатъ шавад


Всеволод Чаплин
Всеволод Чаплин
Намояндаи расмии Калисои ортодокси рус Всеволод Чаплин хостори бознигарии муносибат ба романи Владимир Набоков “Лолита” ва асари Габриэл Гарсиа Маркес “Сад соли танҳоӣ” шуд, зеро дар онҳо, ба гуфтаи ӯ, бачабозӣ тарғиб шудааст.

Аз нигоҳи Чаплин, дар Русия мавзӯъи қонунӣ кардани бачабозӣ ва ҷалби ноболиғон ба бозори фисқу фуҷури шаҳвонӣ ҳарчӣ бештар тарғиб мешавад ва дар ин кор асарҳои бадеӣ ҳам нақш доранд.

Адибону ҳомиёни ҳуқуқи башар аз пешниҳоди Всеволод Чаплин шадидан интиқод карданд. Драмнависи рус Леонид Зорин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки Калисои ортодокси рус мехоҳад нақши сенсори адабиро бар дӯш бигирад. Хабарнигори маъруф Николай Сванидзе гуфт, ки талоши бознигарии муносибат ба асарҳо метавонанд сӯзонидани китобҳо дар майдонҳоро ба думбол дошта бошад.
XS
SM
MD
LG