Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи миқдори бузурги ҳероин дар Ҳилманд


Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон бар асари амалиёти муштараки низомиёни НАТО ва артиши кишвар миқдори бузурги маводи мухаддир, аз ҷумла, тақрибан сад кило ҳероин мусодира шудааст.

Ба гуфтаи низомиёни НАТО, маблағи маводи мухаддири мусодирашуда 350 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухадир ва ҷинояткории муташаккили СММ, ҳамасола мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” аз гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир аз сад то 400 миллион доллар фойида мегиранд.
XS
SM
MD
LG