Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи тафтиши намояндагиҳои аврупоии "Газпром"


Ширкати «Газпром»-и Русия дар бораи тафтиш дар намояндагиҳояш дар бархе кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хабар дод.

Ба гуфтаи сухангӯи ширкат, тафтиш аз сӯи кормандони Комиссиюни Аврупо, аз ҷумла, дар ширкатҳои «Газпром Олмон» ва VENEX (Ҷумҳурии Чех) сурат гирифтааст.

Ба иттилои Комиссиюни Аврупо, иқдоми онҳо бо шакку шубҳаҳо оид ба аъмоли мухолифи “Газпром” зимни содироти газ ба Аврупо бастагӣ дорад.

Ширкатҳои олмонии RWE ва Ruhrgas, ки бо “Газпром” ҳамкорӣ мекунанд, низ тафтиш шуданд.

Дар сурати тайид шудани аъмоли хилоф дар содироти газ ба Аврупо ба “Газпром” ва ширкатҳои ҳамкораш пардохти ҷаримаи бузург таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG