Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон имсол 2,5 тонна тило истихроҷ мекунад


Тоҷикистон қасд дорад то поёни сол 2,5 тонна тило истихроҷ кунад. Хабаргузории расмии «Ховар» аз қавли мақомоти вазорати саноату энержӣ хабар дод, ки тавлидоти имсола назар ба соли гузашта 20 дарсад хоҳад афзуд. Тоҷикистон соли гузашта бори аввал беш аз 2 тонна тило тавлид карда буд. Беш аз нисфи тилои кишвар дар «Зарафшон»- корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин истихроҷ мешавад.
XS
SM
MD
LG