Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 нафар номзади интихоботии Қирғизистон унвон шуданд


Дар Қирғизистон маъракаи расмии таблиғоти номзадҳои интихоботӣ шурӯъ шуд. Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон ба 20 нафар мақоми номзади президентӣ додааст. Дар сафи пеши рақобатҳои интихоботӣ Алмосбек Отамбоев, нахуствазири амалкунанда, Қамчибек Ташиев ва Адахон Мадумаров аз ҳизби “Ата журт” ва “Бутун Қирғизистон” намояндагӣ мекунанд. Дар оғоз беш аз 80 барои пешбарии номзадиаш дар интихобот омодагӣ нишон доданд, вале аксари онҳо натавонистанд 30 ҳазор имзои тарафдорону 2200 доллар маблағи гаравпулиро пешниҳод карда, инчунин аз имтиҳони забондонӣ гузаранд. Интихоботи президентии Қирғизистон 30 октябр баргузор мешавад. Президенти амалкунанда Розa Отунбоева 31 декабр салоҳиятҳои раёсатҷумҳуриро канор хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG