Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аризаи фаластиниҳоро баррасӣ мекунад


Созмони Милал мегӯяд, аризаи узвияти Фаластин дар ин ниҳодро рӯзи душанбе баррасӣ хоҳад кард. Дар ҷаласаи рӯи ҷумъаи Маҷмаи умуми Созмони Милал раиси ташкилоти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос чунин аризаро расман ба Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки-мун супорид. Сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу дар Маҷмаи умуми Созмони Милал гуфт, сулҳ танҳо зимни гуфтушуниди мустақими Исроил ва фаластиниҳо ба даст хоҳад омад.Ба хотири пешгирӣ аз ихтилофот дар Шӯрои Амният Чаҳоргонаи миёнаравони сулҳи Ховари Миёна пешниҳод кард, ки дар чаҳор ҳафтаи оянда гуфтугӯи мустақим ҷараён ёфта, дар шаш моҳи оянда “пешрафти муҳим” ба даст ояд ва дар як соли дигар созиш амалӣ гардад. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, дар сурати раъйгирӣ аризаи фаластиниҳоро вето хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG