Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости эътирофи Фаластин ба СММ ироа мешавад


Қарор аст, имрӯз Ташкилоти худгардони Фаластин, аз Созмони Милал бихоҳад, то Фаластинро ба ҳайси кишвари мустақил ва узви комилҳуқуқи созмон ба расмият бишиносад. Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён, имрӯз дархости расмӣ дар ин заминаро зимни суханронӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк ироа хоҳад кард. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, низ дар нишаст суханронӣ мекунад. Исроилу Амрико мухолифи эътирофи истиқлоли Фаластин ҳастанд ва Барак Обама гуфтааст, ҳаргуна қатъномаи Шӯрои Амният дар ин мавридро вето хоҳад гузошт. Барак Обама мегӯяд, фаластиниҳо танҳо бо музокироти мустақим бо Исроил метавонанд, ба ҳадафҳои хеш ноил шаванд.
XS
SM
MD
LG