Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай мегӯяд, музокироти сулҳ бо Толибон идома мекунад


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, қавл дод, ки бо вуҷуди қатли Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқ ва раиси Шӯрои олии сулҳ, музокироти сулҳ бо Толибонро идома хоҳад дод. Ӯ дар ин бора дар оғози маросими дафни устод Раббонӣ дар дар кохи раиси ҷумҳур Кобул сухан гуфт. Ҳазорон нафар дар шаҳри Кобул барои ҳузур дар маросими дафн ҷамъ омаданд. Ҳайъати Тоҷикистонро дар маросими дафн, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон раҳбарӣ мекунад. Бурҳониддин Раббонӣ рӯзи сешанбе дар манзилаш дар сӯи як маргталаб, ки худро фиристодаи Толибон вонамуд кард, кушта шуд. Пулиси Афғонистон Толибонро масъули қатли устод Раббонӣ медонад, ки 70 сол дошт ва аз соли 1992 то соли 1996 раиси ҷумҳури Афғонистон ва узви Эътилофи Шимол буд. Амрико бо кӯмаки ҳамин эътилоф Толибонро соли 2001 дар Афғонистон сарнагун кард.
XS
SM
MD
LG