Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар раъси як ҳайати давлатӣ ҷиҳати иштирок дар маросими дафни Бурҳониддини Раббонӣ, президенти пешини Афғонистон ба Кобул рафтааст. Дар ин сафар ҷаноби Зуҳуровро раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва иттилооти МН Олим Салимзода ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд. Бурҳониддин Раббонӣ, раиси пешини ҷумҳури Афғонистон, ки то замони кушта шуданаш маснади раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро ба дӯш дошт, бегоҳии рӯзи 21-уми сентябр дар манзилаш дар шаҳри Кобул тавассути як ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG