Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ ба дор кашидани боз як наврасро маҳкум кард


Ширин Ибодӣ
Ширин Ибодӣ
Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ иҷрои ҳукми қатли як наврас бо ҷурми кушторро маҳкум кард. Ширин Ибодӣ гуфт, эъдоми ноболиғон муғоир бо паймони байналмилалиест, ки Эрон низ зераш имзо кардааст. Алиризо Муллосултонии 17-соларо рӯзи чоршанбе дар зиндони Караҷ, дар ғарби Теҳрон, дар мазҳари омм ба дор овехтанд. Ӯ дар қатли варзишгари маъруф Рӯҳуллоҳ Додошӣ дар моҳи июл муҷрим шинохта шуда буд. Додошӣ, ки дар вазнабардорӣ ва бадансозӣ ду дафъа қавитарин марди Эрон эътироф шудааст, бо зарби корд кушта шуд.
XS
SM
MD
LG