Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи хабарнигори ББС ба таъхир уфтод


Урунбой Усмонов дар канори сафири Бритониё Тревор Мур қабл аз оғози мурофиа (акс аз 19 сентябр)
Урунбой Усмонов дар канори сафири Бритониё Тревор Мур қабл аз оғози мурофиа (акс аз 19 сентябр)
Муҳокимаи парвандаи хабарнигори ББС Урунбой Усмонов дар додгоҳи вилояти Суғд ба таъхир уфтод. Қозии мурофиа Шодихон Назаров гуфт, додгоҳ ба далели маризии котибаш ба таъвиқ омад. Қарор буд, қозӣ дирӯз ҳукми Усмонов ва 4 нафари дигари муттаҳам ба ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи Таҳрирро эълон кунад. Рӯзи чоршанбе айбдоркунанда аз додгоҳ барои Усмонов 5 сол ҳукми зиндон талабид ва гуфт, ӯро метавонанд ба дунбол бар асоси қонуни афв озод кунанд. Аммо вакилони мудофеъи хабарнигори ББС аз додгоҳ хостанд, то Урунбой Усмоновро сафед ва баръакс алайҳи мақомоти амниятие, ки ӯро шиканҷа додаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Усмонов, ки барои бахши узбакии ББС аз вилояти Суғд гузориш медод, рӯзи 13 июн боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG