Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани ниқобпӯш довталаби курсии президентии Фаронса


Як зани ниқобпӯши мусулмон мегӯяд, сарфи назар аз манъи пӯшидани ниқобу бурқа дар интихоботи соли оянда барои курсии раёсатҷумҳурии Фаронса талош хоҳад варзид. Рӯзи чоршанбе аснои сӯҳбат бо хабарнигорон хонум Кенза Драйдер гуфт, ӯ мехоҳад аз ҳуқуқи занони Фаронса дифоъ намояд. Хонум Драйдер аз авлоди муҳоҷирони марокашӣ буда, 13 сол инҷониб ниқоб пӯшидааст. Ба гуфти номбурда қонуни манъи пӯшидани бурқаву ниқоб, ки моҳи апрел ба ҳукми иҷро даромадааст, мухолифи ҳуқуқи азалии инсон аст. Драйдер тасмим гирифтааст номзадиашро дар минтақаи Мо, воқеъ дар шарқи пойтахти Фаронса, сабт кунад. Мо-пойгоҳи вакилони муҳофизакори парламенти Фаронса аст, ки аз ташаббускорони манъи ниқобу бурқа ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG