Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми нохуши Обама ба раҳбари фаластиниҳо


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос гуфтааст, ки Вошингтон ба ҳар иқдоми Шӯрои Амният ба эътирофи расмии Фаластин ҳамчун давлати мустақил вето хоҳад гузошт. Обама дар Ню-Йорк, дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи умумии СММ бо Аббос ва ба дунбол бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард. Ӯ қаблан аз минбари ин иҷлос низ аз раҳбарони фаластинӣ даъват кард, то роҳи муомила бо Исроилро биҷӯянд. Аммо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ аз Маҷмаъи умумӣ даъват кард, мақоми Фаластинро болотар баранд. Маҳмуд Аббос қасд дорад эътирофи расмии Фаластинро рӯзи ҷумъа аз СММ дархост кунад.
XS
SM
MD
LG