Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои ПАД дар Лоҳур имрӯз ба поён мерасад


"Марказ-2011" дар як пойгоҳи Қирғизистон
"Марказ-2011" дар як пойгоҳи Қирғизистон
Машқҳои ситодии нирӯҳои муштараки зудамали Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) дар тамрингоҳи Лоҳури Тоҷикистон имрӯз ба поён мерасад. Дар машқҳои мавсум ба “Марказ-2011”, ки сар аз 19 сентябр ҳамзамон дар 4 кишвари узви ПАД мегузарад, шеваҳои муқобила ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро тамрин мекунанд. ПАД эътилофи амниятиест, ки 7 кишвари собиқи шӯравӣ, бо шумули Тоҷикистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад. Дар машқҳои Лоҳур танҳо нирӯҳои Узбакистон ширкат накарданд.
XS
SM
MD
LG