Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди тасарруфи Киев ва шабехуни Камароб


Имрӯз, 19 сентябр, дар тамрингоҳи Лоҳури Тоҷикистон машқҳои ситодии чоррӯзаи нирӯҳои муштараки зудамали Паймони амнияти дастаҷамъӣ шурӯъ мешавад. Имрӯз кумитаи ҳуқуқи башари парлумони Аврупо вазъи ҳуқуқи инсон дар Русия ва минтақаи Қафқози шимолии ин кишварро баҳс мекунад. Имрӯз дар Маскав Ҳафтаи матбуоти иҷтимоӣ оғоз ба кор хоҳад кард. Имрӯз дар Вена анҷумани 55-уми Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ифтитоҳ шуда, то 23 сентябр идома хоҳад ёфт. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз, 19 сентябр, дар кори Маҷмаъи умумии СММ ширкат хоҳад кард. 19 сентябри соли 1941 нирӯҳои Олмони фашистӣ вориди Киев шуданд. 19 сентябри соли 1991 Белорусия ба Беларус табдили ном кард.Ва дуруст як сол пеш, дар таърихи 19 сентябр бара сари шабехуни як гурӯҳи мусаллаҳ дар дараи Камароб 28 сарбози артиши Тоҷикистон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG