Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъзоми афсарони пулис ва гумрук ба шимоли Косово


Мақомоти Косово мегӯянд, ба эъзоми афсарони пулису гумрук ба ду гузаргоҳи баҳсбарангези марзӣ дар марз бо Сербистон дар шимоли умдатан сербинишини Косово шурӯъ кардаанд. Муовини сарвазири Косово Хайриддин Кучӣ гуфт, нақшаи давлат «то ин дам 100 фоиз иҷро шуд» ва «бе ягон ҳодиса.»
Вазири дохилаи Косово Байрам Раҷабӣ ба Ройтерс гуфт, ҳайъатҳои муштараки пулису гумруки ИА ва Косово ба ин марз «тавассути чархболҳо расонда шуданд.» Шоми панҷшанбе сербҳо роҳҳо ба сӯи ин ду гузаргоҳро масдуд карданд.
XS
SM
MD
LG