Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати СММ ва САҲА ба оромӣ дар шимоли Косово


Шӯрои амнияти СММ ва САҲА дигарбора ба ҳифзи оромӣ дар шимоли Косово даъват кардаанд. Сербҳои сокини ин минтақа мухолифи нақшаи раҳбарони умдатан албании Косово ҷиҳати истиқрори маъмурони пулису гумрук дар ду гузаргоҳ дар марз бо Сербистонанд. Аудронис Азубалис, вазири хориҷаи Литва – раиси давраии САҲА- дар пасманзари ин танишҳо ҷонибҳоро ба оромӣ ва хештандорӣ хонд. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун низ аз таҳдиди афзояндаи хушунатҳо дар шимоли Косово изҳори нигаронӣ кард. Аммо нишасти изтирории Шӯрои Амният ба тасвиби қатънома дар масъалаи вазъи Косово муваффақ нашуд.
XS
SM
MD
LG