Пайвандҳои дастрасӣ

Брюссел марзҳои шимолии Афғонистонро таҳким мебахшад


Иттиҳодияи Аврупо барои татбиқи тарҳи БОМНАФ оид ба таҳкими марзҳои шимолии Афғонистон 10,5 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин тарҳ бояд тайи дуву ним соли оянда татбиқ шавад.

Дар ин бора яке аз мутассадиёни тарҳ Вилям Лоренс баъд аз анҷоми конфаронси байнулмиллалӣ оид ба масоили марзӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи ӯ ҳадаф – мушаххас кардани тарзҳои ҳамкориҳои хадамоти марзбониву гумрук, табодули ахбори фаврӣ ва густариши равобити иқтисодӣ дар ду тарафи марз аст.

Дар чаҳорчӯби ин тарҳ ба омӯзиши забони хориҷиву коркарди иттилоъ фаро гирифтани 350 марзбони афғон ҳам пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG