Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба маросими ҷаноза дар Дири Поён


Дар мавзеъи Дири Поён, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, бар асари ҳамла ба як маросими ҷаноза даҳ нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, сокинони маҳаллӣ раҳбари қабилаашонро ба роҳи охират гусел мекарданд. Масъулияти ҳамларо касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Дар мавзеъи Дири Поёни ҳаммарз бо Афғонистон задухӯрдҳо миёни афроди мусаллаҳ ва нерӯҳои амниятии Покистон пайваста рӯх медиҳанд. Ҷангиён асосан ба намояндагони он қабилаҳое ҳамла мекунанд, ки пуштибони нерӯҳои ҳукуматиянд.
XS
SM
MD
LG