Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни ташхиси матолиби Исмоилов. Додгоҳ чӣ мегӯяд?


Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ, хабарнигори маҳаллии нашрияи "Нури зиндагӣ" даҳ моҳ боз дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад...
Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ, хабарнигори маҳаллии нашрияи "Нури зиндагӣ" даҳ моҳ боз дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад...

Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ташхиси забонии мақолаҳои М.Исмоиловро анҷом додааст.

Натиҷаи ташхиси забонии мақолаҳои хабарнигори зиндонии тоҷик -- МУҲАММАДЮСУФ ИСМОИЛОВ аз Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба додгоҳ дастрас шудааст ва фардо, 16-уми сентябр додгоҳи ӯ аз сар гирифта хоҳад шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ МУҲАББАТ ҶӮРАЕВА, вакили мудофеи Исмоилов хабар дод. Вай гуфт, аммо аз натиҷаи ташхиси забоншиносон дар мавриди вуҷуд доштан ё надоштани даъват ба маҳалгароӣ дар мақолаҳои хабарнигори Муҳаммадюсуф Исмоилов иттилоъ надорад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар пайи фаъолияти касбӣ ва нашри мақолаҳои интиқодӣ роҷеъ ба фаъолияти мақомоти ноҳияи Ашт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, бо айбҳои тамаъҷӯӣ, барангехтани
Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раҳбари НАНСМИТ, Маъсуми МУҲАММАДРАҶАБ, хабарнигори Озодӣ ва Муҳаммадраҳим АБДУМАНОФОВ, намояндаи Ҳизби сотсиал-демократ дар Суғд ҳангоми сӯҳбат бо аҳли хонаводаи хабарнигори зиндонии тоҷик

маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир аз моҳи декабри соли гузашта то кунун дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд ба сар мебарад

Ба гуфтаи Муҳаббат Ҷӯраева, вале дар ҷараёни бозбинии додгоҳии парванда иттиҳомоти асосии алайҳи нафари таҳти ҳимояташ -- "тамаъҷӯӣ" ва "маҳалгароӣ" исбот нашудааст. Сипас, моҳи июни соли ҷорӣ бо дархости вакили мудофеъ ҷиҳати ташхиси забониии мақолаҳои Исмоилов парвандаи вай ба Фарҳангистони улум ирсол шуд ва додгоҳ бозбинии парвандаро мавқуф гузошт.

Боздошти хабарнигори "Нури зиндагӣ" вокуниши густардаеро дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, созмони "Хабарнигорони бидуни марз" ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти хабарнигорро таҳаммулнопазирии мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номида ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

УМЕД -- писари Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ
Рӯзи 8-уми сентябри соли равон гурӯҳе аз рӯзноманигорони Суғд дар поёни як нишасти мизи гирд унвонии раисҷумҳур – Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳиши озод кардани Муҳаммадюсуф Исмоилов аз боздоштгоҳ ва расидагии мунфисона ба қазияи ӯ муроҷиатнома қабул карданд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар ноҳияи Ашт боздошт шуда, сипас ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта буд. МАҲТОББӢ АБДУЛЛОЕВА, ҳамсари вай мегӯяд, аз нодорӣ имкони сафар ба маркази вилоят ва дидор бо шавҳари худро надорад. Маҳтоббӣ афзуд, фарзанди онҳо - Умед замони боздошти падараш чаҳор моҳ дошт ва ҳоло раҳгардон шуда, вале падари худро надидааст.
XS
SM
MD
LG