Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари дабири кулли НАТО ба Косовои ноором


Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмусен дар ҳоле ба Косово сафар мекунад, ки ташаннуҷи байниқавмӣ дар ин ҷо афзоиш ёфтааст. Сербтаборони шимоли Косово ба нақшаи таъсиси ду посгоҳи марзӣ бо Сербия аз тарафи мақомоти Косовв мухолифанд. Раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич пешгӯӣ карда буд, ки ин тарҳ мояи нооромиҳо мешавад. Сарвазири Косово Ҳошим Точӣ сербҳоро айбдор кард, ки бо таҳияи ин хушунатҳо мехоҳанд, аз тарҳи ҳукумати Косово ҷилавгирӣ кунанд. 14-уми сентябр сербҳои шимоли Косово роҳи корвони олмонии НАТО-ро бастанд. Сербҳо дар шаҳри Митровитса сангарҳо афрошта, шаҳрро ба ду тақсим кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG