Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як истеҳзои Раҳмонов дар гузориши Вошингтон


Абдуҷаббор Раҳмонов
Абдуҷаббор Раҳмонов
Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонааш пиромуни вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои дунё 8 кишвар, бо шумулу Чину Саудия ва Эрону Афғонистонро “кишварҳои мояи нигаронӣ” номид. 10 кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистону Русия дар ин гузориш давлатҳое унвон шудаанд, ки натавонистаанд мурооти озодиҳои диниро ба қадри кофӣ таъмин кунанд. Бино ба ин гузориш, вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар як соли охир бадтар шудааст. Дар ин робита аз ҷумла мушкил шудани сабти номи муассисоти динӣ дар пайи тасвиби қонуни нави дин, бозгардони амалан иҷбории донишҷӯёни тоҷик аз мадориси хориҷӣ ва манъи ҳузури боҳиҷоби духтарон дар макотиб ва дар бораи занони ҳиҷобпӯш бо истеҳзо сӯҳбат кардани вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов зикр шудааст.
XS
SM
MD
LG