Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эрдуғон ба кишварҳои Араб аз Миср оғоз ёфт


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон силсиласафараш ба кишварҳои шоҳиди инқилобҳои «Баҳори Араб»-ро аз дидори Миср оғоз кард. Эрдуғонро шоми душанбе дар Қоҳира чанд ҳазор нафар бо як шавқу шӯр истиқбол гирифтанд. Қарор аст, ӯ имрӯз бо ҳокимони ҷадиди низомии Миср мулоқот карда, дар нишасти вазирони хориҷаи Лигаи давлатҳои арабӣ суханронӣ кунад. Ӯ баъдан ба Тунису Либия низ сафар хоҳад кард. Талоши Эрдуғон барои таҳкими равобити Туркия бо кишварҳои арабӣ дар ҳолест, ки равобити Туркияву Исроил ба таниш печидааст.
XS
SM
MD
LG