Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набил ал-Арабӣ бо Башор Асад мулоқот мекунад


Набил ал-Арабӣ
Набил ал-Арабӣ
Раиси Лигаи кишварҳои араб Набил ал-Арабӣ имрӯз барои музокирот бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад вориди Димишқ шуд.

Интизор меравад, ки ӯ нигарониҳояш аз идомаи саркӯбсозии хунини намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурияро изҳор намояд. Қарор аст, ки ӯ бо вазири умури хориҷии Сурия Валид Ал-Муаллим ҳам мулоқот кунад.

Ба иттилоъи СММ, дар Сурия аз оғози намоишҳо бо талаби истеъфои Башор Асад беш аз 2200 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG