Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Interpol қарори боздошт ва таслили Қаззофиро содир кард


Полиси байналмилалии Interpol қарори боздошт ва таслими раҳбари сарнагуншудаи Либия Муаммар Қаззофиро судур кард. Дар баробари Қаззофӣ, чунин қарор нисбати писараш Сайфулислом ва раҳбари хадамоти кашф Абдуллоҳ Сенуссӣ содир шудааст. Полиси байналмилалӣ мегӯяд, ки аз 188 давлати узваш дархост кардааст, ки дар боздошт ва таслими ин нафарон ба дасти додситонҳои додгоҳи байналмилаии ҷиноӣ мусоидат кунанд. Моҳи июн ин додгоҳ тақозои боздошти ҳамин се нафарро бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият содир карда буд. Ин дар ҳолест, ки ҳамоно ҳеҷ иттилои дақиқ дар бораи пинҳонгоҳи Қаззофӣ маълум нест. Дар як муроҷиати аудиоӣ, ки тавассути як телевизиони воқеъ дар Сурия пахш шуд, Қаззофӣ гумонҳоро дар мавриди панаҳ бурдани ӯ дар кишвари Нигер рад кард. Рӯёрӯии миёни тарафдорон ва мухолифони Қаззофӣ идома доранд.
XS
SM
MD
LG