Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросимҳои ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд дар Афғонистон


Имрӯз аз қатли Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ва нирӯмандтарин ҷанговари зидди Толибон даҳ сол сипорӣ шуд. Дар баъзе манотиқи Афғонистон дар чаҳорчӯби ҳафтаи поси хотири шаҳидон, аз корномаҳои Шери Панҷшер ёд мекунанд. Дар маросиме дар Фарёб раҳбарони эътилофи шимол, аз ҷумла вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон доктор Абдуллоҳ хизматҳои Масъудро ёд карданд. Дар як маросиме дар Кобул бародари Аҳмадшоҳ – Аҳмадвалӣ Масъуд дар баробари хабарнигорон чунин гуфт:

“Эҳсоси ифтихор ва эҳсоси ғурур мекунам, ки ин миллати посдори Афғонистон, ки мо аз хизматҳояш сипосгузор ҳастем, ҳамин рӯзу ҳамин ҳафтаро ба хубӣ таҷлил мекунанд”.

Бар тибқи манобеи ғарбӣ, то лаҳзаи аз дасти ҷангиёни Ал-Қоида кушта шуданаш, Аҳмадшоҳ Масъуд бо 12 ҳазор нирӯ то даҳ дар сади қаламрави Афғонистон, ғолибан манотиқи шимолушарқро зери назар дошт ва охирин садде барои Толибон маҳсуб мешуд. Ду рӯз баъди марги ӯ ҳамлаҳои террористии пурдаҳшате ИМАро такон дод ва ғарб бо ҳадафи муборизаи зиддитеррор вориди хоки Афғонистон шуд.
XS
SM
MD
LG