Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коҳиши шумори довтабалони курсии президентӣ дар Қирғизистон


таблиғоти хиёбонии як номзади интихоботии Қирғизистон

таблиғоти хиёбонии як номзади интихоботии Қирғизистон

Комиссияи марказии интихоботҳои Қирғизистон гузориш дод, ки шумори довтабалони курсии президентӣ шадидан коҳиш ёфт. Дар ҳоле, ки 65 нафар бояд муқаррароти такмили санадҳои сабтиноми номзадиро гузаранд, танҳо 22 нафари онҳо тавонистанд, ки 100 ҳазор сом ё тақрибан 2,5 ҳазор долларро барои сабтиноми худ супоранд. Инчунин, танҳо ҳашт нафар то имрӯз 30 ҳазор имзои пуштибононро ба Комиссиюни марказии интихоботҳо пешниҳод кардаанду бас. Интихоботи президентии Қирғизистон рӯзи 30 октябр баргузор мешавад, ки баъди саркӯби ҳукумати Қурмонбек Боқиев апрели соли гузашта, барои нахустин бор баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG