Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин қатор дар масири Хуҷанд-Маскав


Фардо, 7 сентябр, нахустин қатори мусофирбар дар масири Хуҷанд –Маскав ба роҳ медарояд. Раҳбари вокзали Хуҷанд Саидҷон Ғафуров ба «Азия Плюс» гуфт, қатори нахустин баъд аз зӯҳри 7 сентябр бо 430 мусофир озими Маскав хоҳад шуд. Қарор аст, ҳаракат дар масири Хуҷанд-Маскав ҳафтае як маротиба сурат бигирад. Тӯли сафар 3 рӯзро ташкил медиҳад.
Саидҷон Ғафуров гуфт, то кунун тавассути Хуҷанд танҳо қатори Андиҷон-Маскав ҳаракат мекард, вале ҳаракати мустақим аз Хуҷанд ба пойтахти Русия то ҳол вуҷуд надошт.
XS
SM
MD
LG