Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия зиндони Димишқро ба Салиби Сурх боз кард


Зиндони марказии Димишқ

Зиндони марказии Димишқ

Сурия зиндони бузургтаринаш дар Димишқро барои Салиби сурх боз кардааст. Умед меравад, ки ин иқдом ба маълум кардани сарнавишти ҳазорон нафаре, ки тайи 6 моҳи эътирозҳо алайҳи режими 41-солаи хонаводаи Асад боздошт шудаанд, кумак кунад. Нирӯҳо ва шибҳанизомиҳои содиқ ба раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Башор Асад ахиран ба хотири фурӯ нишондани эътирозҳо ва гирифтани пеши роҳи фирори паноҳҷӯён ба Туркия боз 10 нафарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG