Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи боздиди Аҳмадинажод аз Тоҷикистон


Имрӯз боздиди расмии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон аз Тоҷикистон идома хоҳад кард. Маҳмуди Аҳмадинажод, дирӯз вориди Душанбе шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дод. Баъди ин мулоқот ёддошти ҳусни тафоҳум доир ба нақби Истиқлол имзо шуд, ки бар асоси он давлати Эрон барои такмили он 8 миллион доллари изофӣ ихтисос хоҳад дод. Дигар санад, ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи бунёди нерӯгоҳи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон буд. Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот гуфт: “ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷониби Эрон минбаъд низ ширкати хеш дар татбиқи барномаи стратегии бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон фаъолона идома медиҳад.” Қарор аст, имрӯз нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад, ки Эрон барои он бештар аз 200 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG