Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равобити Туркия бо Исроил бадтар мешавад


Туркия эълом кард, муносиботи дипломатиашро бо Исроил поин мебард, аз он хотир ки Исроил барои ҳамлаи маргбораш ба киштии ҳомили кӯмакҳои башарии озими Навори Ғазза ва қатли ҳашт турк ва як турктабори Амрикоро узр нахост. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, кишвараш сафири Исроилро аз Истанбул хориҷ кардааст ва афзуд, Туркия иҷрои созишномаи низомӣ бо Тел Авивро муттавақиф мекунад. Дар гузориши Созмони Милал доир ба ҳамла омадааст, “агарчӣ юриши Исроил ба киштӣ дар соли 2010 қонунӣ буд, вале нерӯҳои исроилӣ дар ин ҳамла бедалел аз хушунат ва нерӯи беш аз ҳад истифода кардаанд.“
XS
SM
MD
LG