Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай маргталабони эҳтимолии хурдсолро авф кард


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ба шарафи Иди Рамазон амр кард, ки ҳашт маргталаби эҳтимолии хурдсол ба манзилҳояшон баргардонида шаванд. Миёни ин маргталабон як кӯдаки ҳафтсола низ аст.

Ҳама маргталабони эҳтимолӣ дар манотиқи гуногуни Афғонистон қабл аз анҷоми ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд.

Ҳомид Карзай зимни суханронӣ дар робита ба таҷлил аз Иди мубораки Рамазон изҳор намуд, ки ин кӯдакон фиребхӯрдаи Толибонанд.

Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки боз 12 маргталаби навраси эҳтимолӣ баъди хатми таҳсил аз рӯи барномаи вижа озод карда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG