Пайвандҳои дастрасӣ

Кохи Сафед интихоботи Абхозистонро эътироф намекунад


Александр Анкваб

Александр Анкваб

ИМА изҳор намуд, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Абхозистонро ғайриқонунӣ мехонад. Дар ин бора сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Виктория нуланд изҳорот нашр кард.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Абхозистон, ки рӯзи 26 август баргузор гардид, Александр Анкваб, номзади пуштибон аз таҳкими равобит бо Русия, пирӯз шуд.

Абхозистон баъд аз ҷанги солҳои 90-ум худро аз Гурҷистон канор гирифт ва аммо истиқлоли он аз сӯи Маскав фақат баъд аз ҷанг миёни Руксияву Гурҷистон дар се соли пеш эътироф шуд.
XS
SM
MD
LG