Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошубгарон хостори бозгардони пайвандони Қаззофӣ мешаванд


Ошӯбгарони Либия аз мақомоти Алҷазоир хостори истирдоди хонум ва се фарзанди Муаммар Қаззофӣ хоҳанд шуд.

Дар ин бора намояндаи Шӯрои милли гузори Либия баъди он изҳорот нашр кард, ки вазорати умури хориҷии Алҷазоир ҳузури пайвандони Қаззофӣ дар кишварро таъйид намуд.

Дар бораи макони буду боши худи Қаззофӣ ва чаҳор писари ӯ иттилоъи дақиқ мавҷуд нест. Дирӯз хабарҳое нашр шуданд, ки гӯё онҳо дар шаҳри Бани Валид, воқеъ дар ҷануби Троблус панаҳ бурдаанд. Ин шаҳр таҳти назорати нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ боқӣ мемонад.

Дирӯз ошӯбгарон дар бораи ҳалокати писари Қаззофӣ Хамис, ки фармондеҳи нерӯҳои зудамали Либия аст, низ хабар доданд. Ва аммо ин хабарҳо аз сӯи манбаъҳои мустақил таъйид нашудаанд.
XS
SM
MD
LG