Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се сарбози турк дар инфиҷоре дар марзи Ироқ


Дар вилояти Ҳаккарии Туркия бар асари инфиҷор дар роҳи корвони мошинҳои низомӣ дасти кам се сарбоз кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти низомии Туркия, афроди ношинос дар наздикиҳои марз бо Ироқ маводи таркандаи идорашавандаро дар ҳоле инфиҷор карданд, ки аз он ҷо корвони мошинҳо убур мекард.

Дар як даргирӣ дар ҳамин вилоят бошад, ду мусаллаҳи курд, ки мехостанд бамгузорӣ кунанд, кушта шуданд.

Моҳҳои ахир бар асари ҳамлаҳои террористии ифротгароҳои курд дар ҷанубу шарқи Туркия беш аз 40 низомӣ ва кормандони хадамоти амниятӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG