Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамватан ҳар кӣ бувад, ҳамватан аст


Муҳаммадназари Мирзода

Муҳаммадназари Мирзода

Давлату бахту саодат Ватан аст.
Сахтиву сӯзу садоқат Ватан аст.
Ҳар кӣ зоташ бисиришт з-он гилу об,
Чеҳрааш манзари он кони фан аст.

Ҳар кӣ дорад Ватан ӯ дилшод аст,
Беватан бедилу гӯру кафан аст.
Он ки бо доди Ватан дод диҳад,
Соҳиб он аст, ки Соҳибватанаст.

Аз Каён то ба Каён ёвару ёр,
Ҳамзабон дилбари ман ёри ман аст.
Набувад миллату ойин ба диёр,
Ҳамватан ҳар кӣ бувад, ҳамватан аст.

Ватан аз ишқу муҳаббат барҷост,
Ҳар кӣ зулм оварад ӯ Аҳраман аст.
Марди кораш чу Хуршеди ҳаёт,
Боғбонаш ғизобахши тан аст.

Кӯҳу конаш ҳама илм асту хирад,
Шоираш булбули боғу чаман аст.
Маҳу Хуршед ба Кайҳону Замин ,
Падару Модари Одам Ватан аст.

Тоҷиконро ҳама дар чархи барин
Тоҷикистон Ватани Мову Ман аст.

Муҳаммадназари Мирзода, шаҳри Санкт-Петербург, Русия
XS
SM
MD
LG