Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарди дуввуми Ал-Қоидаро дар Покистон куштанд


Мақомоти Амрико мегӯянд, Отия Абдулраҳмон, фарди дуввуми созмони терорристии Ал-Қоида кушта шудааст. Ба гуфтаи як мақоми Иёлоти Муттаҳида, ки нахостааст, номаш ошкор шавад, Отия Абдулраҳмон, масъули ташкили амалиётҳои Ал-Қоида рӯзи 22 август дар вилояти қабоилнишини Вазиристони Покистон ба ҳалокат расидааст. Бино ба гузоришҳо ӯ бар асари ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико ҷон додааст. Қатли Абдулраҳмон, ки аз дастёрони аслии Айман ал-Завоҳирӣ, раҳбари феълии Ал-Қоида аст, як талафоти бузурги дигаре барои ин созмони террористӣ дониста мешавад, ки раҳбари пешини он Усома Бен Лодин, моҳи май аз тарафи нерӯҳои махсуси Амрико дар Покистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG