Сомонаи интернетии turkmenistan.ru гузориш додааст, ки ба поси эҳтироми раиси ҷумҳури гузашта ва раиси ҷумҳури кунунии Туркманистон дар ин кишвар навъҳои нави харбуза ихтироъ кардаанд. Бино ба гузоришҳо, Омургулӣ Аҳмедов-донишманди шинохтаи риштаи кишоварзӣ се навъ харбуза ихтироъ кардааст ва онҳоро Аркадаг, Президент ва Рӯҳнома ном кардааст. Аркадаг номест, ки ҳоло мақомоти расмии ин кишвар барои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳур таблиғ мекунанд. Аркадаг маънии “ҳомӣ” ё “муҳофиз”-ро дорад. Рӯҳнома китобест, ки Сафармурод Ниёзов-раиси ҷумҳури пешини Туркманистон навишта буд.