Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳамла ба Алӣ Фарзодро маҳкум кард


Алӣ Фарзод баъди ҳамла дар бемористон
Алӣ Фарзод баъди ҳамла дар бемористон
Амрико режими Башор Асадро айбдор кард, ки дар паси латукӯби танзнигори маъруф Алӣ Фарзод истодааст. Фарзоди 60-сола, бино ба хабарҳо, субҳи дирӯз баъди берун шудан аз дафтараш мавриди ҳамла ва латукӯби афроди мусаллаҳи ниқобпӯш қарор гирифта, аз ноҳияи панҷаҳои дасташ захм бардоштааст. Фарзод, ки ахиран чанд тасвири танзомез алайҳи Асад нашр кард, ба бемористон мунтақил шудааст.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд дар як баёнияи катбӣ гуфт, “ҷаллодони режим дониста панҷаҳои дасти Фарзодро кӯфта, якеашро шикастаанд.” Паёми рӯшани онҳо, ба бовари Нуланд, ин буд, ки Фарзод рассомиро бас кунад. Амрико ва муттаҳидини аврупоияш аз Асад тақозо доранд, ки истеъфо диҳад. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, нирӯҳои Сурия аз моҳи март беш аз 2000 эътирозгарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG