Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чейнӣ хостааст ба Сурия ҳамла кунанд, аммо..


Дик Чейнӣ, муовини раиси ҷумҳури Амрико, дар китоби хотироти худ навиштааст, дар аҳди раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буш ба ӯ тавсия додааст, як таъсисоти атомии Сурияро бомбор кунанд, аммо Ҷорҷ Буш ин тавсияро напазируфтааст. Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс”, ки нусхае аз китобро ба даст овардааст, мегӯяд, Дик Чейнӣ ягона нафари тарафдори амалиёти низомӣ алайҳи Сурия будааст. Мушовирони дигари Ҷорҷ Буш дар ин замина худдорӣ варзидаанд ва сабаб ҳам “иттилоъоти ҷосусии бад доир ба захираҳои силоҳҳои қатли ом дар Ироқ будааст”, ки баъди ҷанг дар соли 2003 дар онҷо ёфт нашуд. Таъсисоти атомии Сурияро Исроил соли 2007 вайрон кард. Китоби хотироти Дик Чейн 30 август чоп мешавад.
XS
SM
MD
LG