Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 фаластинӣ дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Бино ба хабарҳо, дар 24 соати охир бар асари силсилаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил 6 фаластинӣ кушта ва беш аз 20 тан захмӣ шудаанд. Дар ҳамлаи охир, ки субҳи имрӯз болои як таъсисоти гурӯҳи ҷангии Ҷиҳоди исломӣ дар шимоли навори Ғаза сурат гирифт, 2 нафар ҷон бохтанд. Низомиҳои Исроил мегӯянд, як амбори аслиҳа дар шимоли Ғаза ва нақбҳои қочоқӣ дар ҳошияи марзи ҷануби Ғаза бо Мисрро низ ҳадаф қарор додаанд. Мавҷи ахири хушунатҳо оташбасеро, ки рӯзи душанбе байни Исроил ва гурӯҳҳои фаластинӣ мувофиқат шуда буд, нақз кард.
XS
SM
MD
LG