Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози додгоҳи гумонбари қатли профессори эронӣ


Алӣ Ҷамолии Фошӣ
Алӣ Ҷамолии Фошӣ
Бино ба гузориши ИРНО, хабаргузории расмии Эрон, як эронӣ бо иттиҳоми қатли як донишманди физикаи ҳастаӣ ба додгоҳ эҳзор шудааст. Алӣ Ҷамолии Фошӣ ба қатли профессори физикаи ҳастаии Донишгоҳи Теҳрон Масъуд Алимуҳаммадӣ дар таърихи 20 январ айбдор мешавад. Ӯ бар асари инфиҷори бомб дар ҳошияи манзилаш кушта шуд. Мақомоти Эрон мегӯянд, дар паси ин куштор Моссад – идораи ҷосусии Исроил – истодааст. Эрон дар авоили соли ҷорӣ хабар дода буд, ки бо иттиҳоми даст доштан дар қатли дасти кам ду донишманди ҳастаияш чандин нафарро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG